




Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир супориш додааст, то сохтмони чойхонаи бузургро дар маркази Ҳисор аз маблағҳои шахсяиаш ба анҷом расонад.
Бино ба иттилои манобеи TojNews, президент ин супоришро дар ҷаласаи ҳукумат оид ба таорукоти таҷлил аз "3000-солагии Ҳисор" ба Алимардон додааст.
Айни ҳол дар маркази ноҳияи Ҳисор сохтмони чойхонаи мазкур идома дорад ва дар назар аст, ки он то моҳи сентябри соли оянда, то таҷлили 3000-солагии Ҳисор ифтитоҳ шавад.
Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор дар суҳбат бо TojNews оғози сохтмони чойхонаро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳаҷми маблағи онро намедонад.
Бино ба иттилоъи манобеи огоҳ аз доираи меъморони иншооти мазкур, ин тарҳ бештар аз 1 милион доллар арзиш доштааст.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?