




Бо шиорҳои "Марг бар Амрико!" ва "Марг бар Исроил!!!" тазоҳуротгарони эронӣ дар 700 шаҳри ин кишвар таҷаммуъ карданд.
Бино ба иттилои расонаҳои Теҳрон, тазоҳурот, ки ба хотири гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд, ҳамоно дар баъзе аз ин шаҳрҳои ҷумҳурии исломӣ идома доранд.
“Рӯзи ҷаҳонии Қудс”, ки ҳамасола дар ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон барои ҳимоят ва ҳамдардӣ бо фаластиниён баргузор мегардад, соли 1980 аз ҷониби раҳбари инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Хумайнӣ пешниҳод гардида буд.
Дар ҳоли ҳозир дар хеле аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Туркия, Сурияву Фаластин ва ғайра ҳамасола дар ҳимоят аз мардум мазлуми Фаластин газаронида мешавад.
Тибқи оморҳои охир, дар Фаластин теъдоди кушташудагон ба 807 нафар расида, беш аз 4 ҳазору 750 нафари дигар захмӣ ва наздик ба 115 ҳазор фаластинӣ аз навори Ғазза овора шудаанд.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Шояд шумо суол ё назаре доред?