Дар нимсолаи соли равон КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 190 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизматрасонӣ намудааст, ки аз онҳо 21-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 169- тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои ғайридоимӣ мебошанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Анвар Махсудов, директори генералии Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар давоми шаш моҳи соли равон “Тоҷикаэронавигатсия” ба 28 ҳазору 883 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонӣ намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору...




