




Ширкати мобилии “Вавилон-Мобайл” ҳама намуди нархномаҳои тарофаҳояшро бо Хадамоти зиддинҳисорӣ мувофиқа кардааст.
Дар ин бора, Абдусамад Раҷабзода, Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ширкати “Вавилон-М” санҷиш гузаронида маълум кардааст, ки дар фаъолияти ширкати ягон ҳолати мувофиқа накардани нархномаҳои тарофаҳо ҷой надорад.
- Ҳама нархномаҳои ширкат бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қаблан мувофиқа шудаанд. Ба ҳар ҳол мо пайгирии қазияи сарзадаро оғоз кардаем. Ҳоло омӯзиши натиҷаҳои санҷиш идома дорад,- гуфт раиси Хадамоти зиддиниҳисорӣ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни нишасти хабариаш эълон дошта буд, ки ширкати “Вавилон-М” нархномаҳои муайянкардаи Хадамоти зиддинҳисориро риоя накарда, тарофаҳоеро истифода бурдааст, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа нашудаанд. Гуфтушуниди Кумита бо ширкат ягон натиҷа надодааст, аз ин сабаб ҳоло баҳс ба додгоҳ рафтааст. Қарзи баҳсии ширкат аз андоз 341 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ин иддаои Раиси Кумитаи андозро намояндагони “Вавилон-Мобайл” рад карда, ин гуфтаҳоро беасос медонанд ва баромада аз муносибати ғаразноки раиси Кумитаи андоз арзёбӣ мекунанд.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?