




Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон гуфт, аз пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи зарурати огоҳ кардани мардум аз ҳодисоти ахири Навори Ғазза хабар дорад ва дар назар аст рӯзҳои наздик Шӯрои уламо ба он вокуниши мусбат кунад.
Вай дар ин бора имрӯз 23-юми июл дар Душанбе, баъди як ҷаласа дар суҳбат бо хабарнигори TojNews гуфт.
Дар гуруҳи “Тарбияи Имонӣ”-и Шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз Саидмукаррам Абдулқодирзода, ҳамчунин Раиси Кумитаи дин Абдураҳим Холиқов хоста буданд, то аз қазияи Фаластин ва ҳодисоти ахири Навори Ғазза ба мардуми кишвар маълумот диҳанд.
Муфтии Тоҷикистон гуфт, пас аз баррасии ин дархост ва машварат, Шӯрои уламо тасмим гирифтааст, дар мавъизаҳо дар масоҷид мардумро аз он чӣ дар навори Ғаззаи Фаластин мегузарад, огоҳ кунанд.
Беш аз ду ҳафта аст, низоми ишғолгарои Исроил ҳамлаҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳриро ба навори Ғазза идома медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин муддат беш аз 637 нафар кушта, наздик ба 4 ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди 110 ҳазор мардуми Ғазза овора шудаанд.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?