




Ба андозаи 32 ҳазору 200 тонна содироти алюминий аз Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин хусус Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар конфронси матбуотӣ баён дошт.
Бинобар иитилои вазир, ба сатҳи нокофӣ таъмин шудани коргоҳи арзизи тоҷик бо гази табиӣ ва мушкилоти ҳамлу нақли алюминий аз сабабҳои асосии кам шудани истеҳсол ва содироти алюминий мебошад.
- Айни замон дар коргоҳ таҷҳизоте насб шудааст, ки аз ангишт танҳо дар семоҳаи аввал 13,7 миллион куб гази синтетикӣ истеҳсол кардааст. Аз ин хотир, ҳоло аз Чин боз ду адад чунин таҷҳизот оварда, минбаъд аз гази табиӣ даст кашиданиянд, то ин ки истеҳсолот аз таъминкунандаи гази табиии кишвари ҳамсоя вобаста набошад.
Имсол дар назар аст, ки 332 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шавад ва ин рақам дар нимсолаи аввал 144 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти содиркарда 140, 8 ҳазор тоннаро бо арзиши умумии 293 миллион долларро ташкил медиҳад.
Як тонна алюминий ба нархи 2 ҳазору 80 доллар фурӯхта шуд, ки назар ба соли гузашта 453 доллари амрикоӣ кам аст.
Зимнан, дар бозори ҷаҳонии фулузоти Лондон рӯзҳои охир поёнравии нархи алюминий мушоҳида мешавад. Феълан арзиши як тонна алюминий 1872 долларро ташкил медиҳад, ки ҳамин давраи соли гузашта арзиши алюминий 2400 доллар буд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» дар қатори кишварҳои истеҳсолкунандаи алюминий бо истеҳсоли солона камтар аз 400 ҳазор тонна алюминий ҷойи 16-умро ишғол мекунад ва коҳиш ёфтани нархи ҷаҳонии алюминий ба иқтисоди кишвар бетаъсир намемонад,- гуфт Шариф Раҳимзода.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?