




Миёни мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил системаи нави интиқоли пулӣ бо номи Форсаж-Близко-СНГ ба фаъолият шуруъ кард.
Бино ба иттилои расонаҳои Русия, мақсад аз ташкили системаи нави интиқоли маблағҳо ин пешгирӣ намудани маҳдудшавии интиқоли маблағ ва таъмини бемамонияту муътадили интиқоли маблағҳо мебошад.
Форсаж-Близко-СНГ аз тарафи Связ-Бонки Русия ташкил шуда, дар манотиқи гуногуни Русия, Озорбойҷон, Белоруссия, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Гурҷистон 42 ҳазор намояндагӣ дорад.
Форсаж-Близко-СНГ дар ҳоле ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки соли равон ду системаи калони интиқоли пулӣ системаҳои “Мигом” ва “Контакт” аз фаъолият монданд.
Қатъ шудани ин ду системаи интиқол, ки миёни муҳоҷирони кории тоҷик маъруфияти зиёд доштанд, барои онҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод кард.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Шояд шумо суол ё назаре доред?