




Корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз гурӯҳи “”Тарбияи Имонӣ” бо нашри номае дар ин гурӯҳ аз масъулини давлатии Тоҷикистон оид ба масоили дин - Раиси Маркази исломии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи дин хостаанд, ки аз он чӣ дар минтақаи Ғаззаи Фаластин мегузарад, мардумро огоҳ кунанд.
Дар ин номаи саркушода гуфта шудааст: Раисони муҳтарам! Маълум аст, ки мутобиқ ба ояҳои карима ва аҳодиси Расули акрам (с) муъминон бародари якдигар буда, болои ҳамдигар ҳуқуқи мутақобил доранд...
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир мардуми солҳо азияткашидаи Фаластин дар навори Ғазза аз тарафи режими ишғолгари Изроил мавриди ҳуҷум қарор гирифтаанд. Даҳҳо тифлакони маъсум, занони бечора ва пирамардону мардуми осоишта дар натиҷаи ин ҳуҷуми мусаллаҳона бераҳмона қурбон гашта, ҷони худро аз даст додаанд.
Ғайр аз ин садҳо, бал ҳазорҳо нафар аз ин тупу туфанг захм бардошта, маҷрӯҳ гаштаанд. Ин амалиёти ваҳшиёна мардуми озоду огоҳу бедори мардуми ҷаҳонро ба пой хезонд ва дар аксар кишварҳо барои пуштибонӣ аз ин мардуми азиятдида барои тазоҳурот ба хиёбон рехтаанд.
Мо ҳамчун мардуми мусалмон нисбати ин амалиёти ваҳшиёна алайҳи ҳамэътиқодони худ ҳаргиз бетараф будан наметавонем. Лизо аз шумо-Раиси Кумитаи Дин ва Раиси Шурои уламо-ба ҳайси масъулини ниҳодҳои зирабт ба умури динӣ эҳтиромона хоҳиш мекунем, то иқдомҳои зеринро иҷро намоед:
1. Ба тамоми хатибон дастури расмӣ дода шавад, то дар намозҳои ҷумъа аҳли масҷидро аз асли ин қазия огоҳ намуда, дар ҳаққи мазлумони фаластинӣ дуои дастаҷамъона намоянд.
2. Ҳарчи зудтар конфронс ё ҳар нишасти дигаре ба таври хеле васеъ оиди баррасии ин қазия, омилҳо ва паёмадҳои он дар ҷаҳони ислом доир карда шавад.
3. Бо судури баёнияи расмӣ аз ҷониби ин ду ниҳод-Кумитаи Дин ва Раёсати Шурои уламо-амалиёти ваҳшиёнаи режими ишғолгари саҳюнистон маҳкум карда шавад.
4. Бо дастури расмӣ аз рафтани зоирин ба зиёрати Масҷиди Ақсо то замони зери тасарруфи ин Режим қарор доштанаш, пешгирӣ карда шавад. Зеро бо фатвои уламои огоҳи динӣ ва ҳайати
Идораи фатвои навори Ғазза зиёрати Масҷиди Ақсо дар вазъи феълӣ нораво буда, маънои дасти кӯмак дароз кардан ва ворид кардани маблағи ҳангуфт ба буҷаи режими ишғолгарро дорад.
Вақте ин матлаб таҳия мешуд, алакай ҳудуди 500 нафар аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ зери он “имзо” гузошта таъйид кардаанд, мардуми шарифи Тоҷикистон бояд аз вазъияти мардуми мазлуми Фаластин дуруст огоҳ карда шаванд.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?