Интишор шуд: 22 август, 2012 - 09:12
Субҳи имрӯз бар асари таркиши як норинҷак Имомназар Имомназаров, яке аз чаҳор нафароне, ки ҳукумат дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва як қатор ҷиноятҳо муттаҳам медонист, кушта шудааст. Ин ҳодиса дар маркази шаҳри Хоруғ рух додааст.
Як нафар ҳамсояи Имомназар Имомназаров ба ТоjNews гуфт, ки ин ҳодиса чанд дақиқа пеш аз намози бомдод дар манзили зисташ рух додааст.
- Аввал норинҷак таркид ва баъд аз он садои тирпарронӣ шунида шуд,- гуфт манбаъ.