Интишор шуд: 27 ноябр, 2013 - 17:01
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, аз ҷараёни татбиқи амалии Барномаи Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири кишвараш дар мавриди расонидани кӯмак ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард.
Игор Лякин-Фролов, ки баъди зӯҳри рӯзи гузашта дар Агентӣ бо директори ин ниҳод, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров сӯҳбат мекард, гуфт, ки "бояд дар остонаи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афѓонистон муқовимат ба таҳдиди мухаддиротӣ муташаккилонтар таҳким ёбад".