Интишор шуд: 19 феврал, 2014 - 08:30
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек, дирӯз 18-уми феврал мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷемил Чичек масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ баррасӣ гардид.