Интишор шуд: 6 август, 2013 - 10:35
Табибон дар Суғд ҳанӯз сарчашмаи бемории сироятии сӯхтанӣ, ки гуфта мешавад, як нафар сокини 56-солаи ноҳияи Айнӣ моҳи гузашта аз ин беморӣ ба ҳалокат расида буд, маълум накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Абдухолиқ Давлатшоев сироятёбии ин беморро дар нишасти матбуотӣ аз чорво арзёбӣ карда буд.
Аммо имрӯз, 6-уми август сардори байтории вилояти Суғд Насим Камолов ба TojNews гуфт, ки ин беморӣ аз чорво пайдо нашудааст.