Интишор шуд: 17 феврал, 2014 - 14:14
Аз 5-ум то 7-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши Осиёи Миёнагии «Аутизм –мушкилот ва роҳи ҳал» баргузор гардид, ки дар кори он коршиносони байналмилалии аутизм аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва ИДМ ширкат намуданд.
Ташкилкунандагони Ҳамоиш намояндагони CAAN (Шабакаи Осиёи Марказӣ оид ба аутизм), дар симои Иттиҳодияи Ташаббуси волидайни дораи фарзандон бо Аутизм «Ирода» дар Тоҷикистон буданд.