Интишор шуд: 27 ноябр, 2013 - 14:00
Як сокини 20-солаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми роҳзанӣ ва захмдор намудан бо зарби табар ва корд дастгир шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, "шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии Даврон Улмасов, сокини шаҳри Хуҷанд, ворид мешавад. Ҳамроҳ табар ва корди хоҷагӣ доштааст, ки ба ҳамсари соҳибхона - Саодат Улмасова, як маротиба бо табар ба сараш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа Саодат Улмасова ҷароҳати ҷисмонӣ мегирад".