Интишор шуд: 21 феврал, 2014 - 12:02
Зуфар Исмоилов, раиси ноҳияи Ғончӣ чанд ҳафта аст ба бозори "Чоршанбе", ки ба қарибӣ ин ҷо ҷанҷоли гуруҳии мардуми ду деҳа ба амал омада буд, сафарҳои сулҳҷӯёна анҷом медиҳад.
Дирӯз, чоршанбе 19-уми феврал Зуфар Исмоилов дар бозори "Чоршанбе" мардумро ба дӯстиву рафоқат даъват кардааст.
Шоҳидони суханрони Исмоилов мегӯянд, як ҳафта қабл низ раиси ноҳия ба ин бозор омада дар бораи дӯстиву рафоқат миёни мардум изҳори назар карда, онҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват кардааст.