Интишор шуд: 31 октябр, 2013 - 09:32
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дирӯз, 30-юми октябр, намоиши суратҳо ва китобҳои Ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор гардид.
Дар ин бора ба TojNews Муҳаммадиқбол Атоев, мудири бахши тарғиби Китобхонаи миллӣ, иттилоъ дод.
Бино ба қавли манбаъ, намиоши сурат ва китобҳои Ҷумҳурии Ӯзбакистон бахшида ба 22-солагии Сарқонуни ин кишвар баргузор шуда, дар он 200 китоб бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва анлгисӣ ба намоиш гузошта шуданд.