Интишор шуд: 2 декабр, 2013 - 14:58
Зани 36-сола дар ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи ҳаракати воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шудааст, ки боиси марги худи ӯ ва ҷароҳати мусофири дигари мошин гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 30-юми ноябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» Хадича Халилова, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият» ба самти деҳаи Зартеппаи ноҳияи Вахш, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба ҷӯйбори обгузар чаппа шудааст.