Интишор шуд: 27 ноябр, 2013 - 12:49
Бонки осиёии рушд (БОР) тайи солҳои ҳамкориаш бо Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Ин нукта, имрӯз, 27-уми ноябр, дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусер зикр шудааст.