Интишор шуд: 7 август, 2012 - 08:35
Мушкили камчинии орд дар бозору мағозаҳои пойтахт сунъӣ буда, онро гурӯҳҳои муайян эҷод кардаанд, то аз борҳои пештар харидаашон фоидаи зиёдтар ба даст биёранд. Акнун дар бозорҳои пойтахт орди навъи якум бо маҳдудият - барои як нафар на бештар аз 10-килограммӣ фурӯхта мешавад. Хабарнигори TojNews аз бозорҳои пойтахт гузориш медиҳад.
- Имрӯз, 7-уми август, соати 08.30 дақиқа дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт орди навъи якумро тибқи меъёр ба сари ҳар кас 10-килоӣ мефурӯшанд.