Интишор шуд: 20 феврал, 2014 - 09:27
Фаъолони ҲНИТ дар вилояти Суғд бо баргузор намудани ҷаласае масъалаи омодагиҳо ба интихоботи парламентии соли 2015-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар ин бора ба TojNews масъули шӯъбаи интихоботи ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзои Ҳоҷимат хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа се масъала, қавитар гардонидани омӯзишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, бо роҳи қонунӣ талаб намудани ҳуқуқи мардум ва омодаги ба интихоботи порлумонӣ муҳокима намудаанд.
Масъалаи ворид кардани намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.