Интишор шуд: 28 ноябр, 2013 - 10:58
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз муфтии Тотористон барои ҳамкорӣ бо муҳоҷирини тоҷик ва таълиму тарбияи донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои ин кишвар таҳсил менамоянд, изҳори миннатдорӣ кардааст.
Дирӯз, 27-уми ноябр, Муҳиддин Кабирӣ дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тотористон бо муфтии ин кишвар Камил Самигуллин дар идораи марказии муфтиёти Қазони Русия мулоқот намудааст.
Тавре сомонаи расмии ин ҳизб хабар медиҳад, "Камил Самигуллин аз тоҷикон ба некӣ ёд карда, нақши онҳоро дар мактаб ва масоҷиди Русия ва ҳамчунин, дар нашри фарҳанги исломӣ муҳим арзёбӣ намуд".