Интишор шуд: 30 октябр, 2013 - 16:04
Имрӯз, 30-юми октябр, дар мавзеи сарҳадии Шерхон-Бандар, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, раҳбарияти ниҳодҳои сарҳадбонии Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расондаанд.
Дар ин бора ба TojNews Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии КДАМ, хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, "Протоколи ҳамкорӣ аз ҷониби Шералӣ Мирзо, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, Владимир Кулишов, муовини сардори Хадамоти федоралии бехатарии Русия ва Аҳмад Зай, сардори пулиси сарҳадии Афғонистон, ба имзо расидааст".