Интишор шуд: 2 декабр, 2013 - 09:14
18 нафар донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои олии Русия таҳсил мекунанд, то ҳол интизори посухи Маскав барои ворид гардидан ба қаламрави ин кишвар мебошанд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мегӯяд, "20 донишҷӯйи тоҷик, ки аз Русия бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран ба мӯҳлати аз 3 сол то 5 сол берун карда шуда буданд, танҳо 2 нафарашон иҷозаи вуруд дарёфт карданд".