Интишор шуд: 20 сентябр, 2013 - 17:31
Имрӯз 20-уми сентябр, се нафар шахсони ношинос дар бораи соҳиби хонае, ки дар он айни ҳол Алим Шерзамонов, раиси бахши вилятии Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар Бадахшон муваққат истиқомат дорад, пурсуҷӯ кардаанд.
Дар ин бора ба TojNews худи Алим Шерзамонов иттилоъ дода гуфт, се нафар, ки либоси мулкӣ дошта, ба гумони ғолиб кормандрони мақомоти амниятии кишвар будаанд, аз ҳамсояҳо дар бораи хонае, ки ӯ феълан истиқомат дорад, маълумот ҷамъ кардаанд.