Интишор шуд: 31 октябр, 2013 - 14:22
Русия дар бораи номгӯи лавозимоти ҳарбие, ки ба Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчун кӯмаки ҳарбӣ ироа мекунад, ризоят додааст. Асоси кӯмаки низомии ин кишвар ба Қирғизистон равона хоҳад шуд, ки ба он чархболҳои ҳарбӣ, бронетранспортёрҳо, бронеавтомобилҳо, системаҳои ракетӣ, лавозимоти артиллерӣ, яроқҳои оташфишон дохил мешаванд.
Тавре Валерий Герасимов, генерали армия, сардори Ситоди генералии Русия, ба нашрияи «Коммерсант» гуфтааст, ки "мо бо ҳамтоҳои тоҷик ва қирғизамон дар бораи номгӯи лавозимоти ҳарбӣ, ки ҳамчун кӯмак ба ин кишварҳо интиқол меёбад, ба мувофиқа расидем".