Интишор шуд: 2 декабр, 2013 - 17:18
Суди вилояти Челябински Русия, бо иттиҳоми ришвахорӣ, як муҳоҷири тоҷикро ба пардохти ҳазор доллар ҷарима кардааст.
Бино ба иттилои Мақомоти корҳои дохилии Русия, "Шералӣ Тоҳиров, шаҳрванди Тоҷикистон, кӯшиш кардааст, ба пулиси Русия 2 ҳазор рубл (муодили 70 доллар) ришва дода, халос шавад".
Шералӣ Тоҳиров, ҳамчунин, дар вайрон кардани муқаррароти истиқомат дар қаламрави Русия муттаҳам дониста мешавад.
Ҷарима шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳодисаи камназир буда, муҳоҷирони тоҷик бо камтарин гуноҳ депортатсия карда мешаванд.