Интишор шуд: 30 июн, 2014 - 11:50
Ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ муътадил буда, ба ҳисоби миёна ба 5,0240-5,0440 баробар буд.
Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ андаке баланд баромада, ба 0,1455-0,1465 сомонӣ барои як рубли русӣ ва бо евро бошад каме паст фаромада, ба 6,8158-6,8370 сомонӣ барои як евро баробар шуд.