Интишор шуд: 16 июн, 2014 - 13:21
Бритониёи Кабир аввалин кишвари ғайриисломӣ шуд, ки коғазҳои қарзии исломиашро ба фурӯш мебарорад.
Дар ин бора шабакаи хабарии Евронюс иитилоъ додааст.
Вазорати дороии ин кишвар дар назар дорад, ки ба маблағи 250 миллион евро коғазҳои қарзии исломиро ба муддати 5 сол ба фурӯш бирасонад.
Фурӯши коғазҳои қарзии исломӣ бар асоси қонун ва қоидаҳои шариъати исломӣ сурат мегирад. Мақомот мегӯянд, ки ин иқдоми онҳо посухе барои бисёре аз шаҳрвандони мусалмон дар Бритониё аст, ки хоҳони сармоягузорӣ бар асоси усул ва қонунҳои бонкдории исломӣ ҳастанд.