Интишор шуд: 15 феврал, 2013 - 11:46
Дар “Рӯзи ошиқон” як духтари 20-соларо дар шаҳри Душанбе пас аз таҷовуз ба номус дар хонааш 26 корд зада, сипас, сӯзонида, куштанд.
Ин куштори ваҳшиёна субҳи 14-уми феврал дар кӯчаи Федина, бинои 55-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст.
Ин хабарро дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба TojNews тасдиқ карданд.