Интишор шуд: 29 октябр, 2013 - 08:36
Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, як масъули Консулгарии Сафорати Афғонистон, ки дар роҳ ба сӯи Кобул дар ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд, ба шаҳри Душанбе интиқол ёфт.
Тавре аз Консулгарии Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд, ин масъул шаби 25-уми октябр ба воситаи мошини таъҷилии махсус ба Душанбе мунтақил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, духтурон вазъи саломатии Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталиро нисбат ба рӯзҳои аввали бистарӣ буданаш беҳтар унвон кардаанд.