Интишор шуд: 25 июл, 2014 - 13:41
Ҷонибек Акобиров, нависандаи халқии Тоҷикистон субҳи имрӯз 25-уми июл дар синни 62-солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Маросими дафни марҳум имрӯз дар масҷиди маҳаллаи Испечак баъди намози ҷумъа баргузор шуд.
Ҷонибек Акобиров 5-уми ноябри соли 1952 дар қишлоқи Рӯшани ноҳияи Нуробод дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Соли 1980 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ)-ро хатм намудааст.