Интишор шуд: 25 сентябр, 2013 - 08:13
Зайд Саидов ба таҷовуз ба номуси як духтари 12-солаи русзабон айбдор дониста мешавад.
Агентии назорати давлатӣ молиявӣ ва мубориза бо корупсия алайҳи Зайд Саидов бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои нав кушодааст.
Ба иттилои Шуҳрат Қудратов, парвандаи ҷиноятӣ дар бораи таҷовуз ба номуси духтари 14-солаи русзабон аз сӯи Агентии назорати давлатӣ молиявӣ ва мубориза ҳанӯз 14-уми сентябр кушода шуда, шоми дирўз «ҷабрдида»-ро ба Зайд Саидов рӯбарӯ карданд.