Интишор шуд: 25 июл, 2014 - 11:25
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба дзюдо, ки миёни Қувваҳои мусаллаҳ дар пойтахти Арманистон баргузор гардид се нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони тоҷик дар миёни дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларусия, Қазокистон, Қирғизистон, Россия ҳунарнамоӣ карданд.