




Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири кории шаҳрдорӣ гуфтааст, сокинони пойтахт фитри рӯза ва закоти рӯзадоронро танҳо ба оилаҳои камбизоату ниёзманди шаҳр бидиҳанд.
Дар ин ҷаласа, ки рӯзи 23-юми июли соли равон дар КВД “Маркази равобити пойтахт” баргузор шуд, шаҳрдорӣ қарор кардааст, барои дастгирии ҳамаҷониба ва пайвастаи оилаҳои ниёзманди шаҳр аз 23 то 28-уми июли соли ҷорӣ фитри рӯза ва закоти рӯзадорон танҳо ба оилаҳои камбизоату ниёзманди шаҳр дода шавад.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ин иқдом аз ҷониби имомхатибон ва фаъолони шаҳр пазируфта шудааст.
Соли равон дар асоси фатвои Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи фитри рӯза 4 сомонӣ баробар ба нархи 1 килограмму 622 грамм гандум ва нисоби закот ба 10 ҳазору 875 сомонӣ аз рӯи арзиши як грамм тилло, ки 25$ аст, муқарар гардидааст.
Яъне, соҳиби ин миқдор пасандоз дар як соли ахир, бояд 2,5 фисади онро ҳамчун закот ба ниёзмандон бидиҳад.
Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе ба роҳбарони сохторҳои хизматрасонии шаҳр дастур додааст, ки дар рӯзи иди Рамазон ҷиҳати роҳандозии хушсифати анҷоми вазифаҳои таъинотии хизматӣ тадбирҳои муассир андешанд.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?