




Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ ва вакили дифоъи Шӯҳрат Қудратов, тавонистааст бо зерҳимояаш як ба як суҳбат кунад. Вай мегӯяд, дар Агентии мубриза бо фасод, хилофи қонун, ба адвокатҳо иҷозати суҳбати рӯ ба рӯ бо зерҳимояашонро намедодаанд.
Ҷаноби Зойиров гуфт: "дар Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия ба ҳукми анъана даромада будааст, ки бояд адвокат бо зерҳимояааш дар ҳузури намояндаи агентӣ суҳбат кунад. Ин амали онҳо қонуншикании маҳз аст. Мо ин қолабро шикастем. Адвакат ҳақ дорад, бо зерҳимояи худ дар танҳоӣ суҳбат кунад.
Ман талаб кардам, ки қонунро риоя кунед ва бо зерҳимояаам дар утоқи кории муовини сардори раёсати тафтишотии ин ниҳод як ба як суҳбат доштем.”
“Се вакили дифоъи Зайд Саидов - Фахриддин Зокиров, ки ҳоло дар боздошт аст, Шуҳрат Қудратов, зерҳимояи ман ва Исҳоқ Табаров дар рафти амалиёти тафтишотии ин қазияи пурсарусадо, ки бо 26 соли зиндон ба соҳибкор анҷом ёфт, ягон маротиба натавонистаанд, ки бо зерҳимояашон як ба як суҳбат кунанд. Ба онҳо инро иҷозат намедоданд. Дар ҳар як суҳбаташон намояндаи Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия ҳузур доштааст, ки ин хилофи қонун аст.
Дар амалиёти тафтишотии дирӯза, бино ба гуфтаиЗоиров, яке аз намояндагони айбдоршаванда - Нуралӣ Суламаев, ки Қудратов дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро ҳимоят мекардааст ва гӯё барои сафед кардани ӯ қасди ба судя пора додан кардааст, пурсида шуд.
Ҳамчун як нафар, гӯё шоҳид пурсида шуд. Аз худи зерҳимояи ман низ вобаста ба гуфтаҳои ин шоҳид пурсиш гузарониданд, ки ӯ бархе аз гуфтаҳои ин шоҳидро рад карда, онро туҳмат хонд.
Мо ҳоло инро туҳмат гуфта наметавонем, аввал иддаои шоҳид бояд санҷида шавад. Барои исбот кардан, ки ин туҳмат аст, вақт лозим аст", -илова кард, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори маъруф.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21-уми июли соли ҷорӣ аз сӯйи кормандони Раёсати тафтишотии Агентӣ бо иттиҳоими додани пора боздошт шуд.
Худи Қудратов гуфт, аз касе пора нагирифтааст ва ҲСДТ қазияро сиёсӣ унвон карда, онро ба фаъолияти касбӣ ва мавқеи устувори сиёсӣ ва шаҳрвандии адвокат рабт дод.
Мақомоти зиддифасод ба ӯ тибқи моддаҳои 36, қисми 4, 32 қисми 3 - 320, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳом эълон карда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
© Соли 2009 - 2014. Оҷонси иттилоотии TojNews. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Зимни истифодаи хабару мақолаҳои сомона дар шабакаи Интернет ва расонаҳои чопӣ таъкид ба www.tojnews.org ҳатмист.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?